ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 20 декабр, чоршанбе, 354-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 11 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
20 декабри соли 2009 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масоили вобаста ба вазъи вақти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
***
7 сол пеш, 20 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо намояндагони сершумори варзишгарони мамлакат мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли гузашта дар Маркази матбуоти АМИТ «Ховар» директори Агентӣ Саидалӣ Сиддиқ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал мулоқот намуд. Ҷонибҳо оид ба рушд додани ҳамкорӣ дар бахши фарҳангу санъат, ҳамкории судманд миёни расонаҳои ииттилоотии Тоҷикистону Туркия изҳори назар намуданд.
20 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии одамон.
***
Дар Панама – Рӯзи мотам.
***
Дар Россия, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
20 декабри соли 2012 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Соли варзиш ва тарзи солими зиндагӣ дар фазои ИДМ» намоишгоҳи суратҳо баргузор гардид.
***
20 декабри соли 2016 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарини варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2016-ро эълон намуд. Чемпиони маъруфи тоҷик, гурзандоз Дилшод Назаров варзишгари беҳтарин ҳисобида шуд.
***
43 сол муқаддам, 20 декабри соли 1974 Эфиопия ҳамчун кишвари сотсиалистӣ эълон шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1993 Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт.
***
20 декабри соли 1879 Томас Эдисон аввалин маротиба кори лампаи сӯзишвориро нишон дод.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






