ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 29 декабр, ҷумъа, 363-юмин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 2 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
29 декабри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Литсей-интернати махсуси касбии маъюбон» — и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф оварда, бо шароити намунавии он, ки зимни тармиму навсозии асосӣ муҳайё гаштааст, аз наздик шинос шуда, бо тарбиятгирандагони он суҳбатҳои ҷолиб анҷом доданд.
***
5 сол пеш, 29 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024» тасдиқ карда шуд.
29 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Муғулистон – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Ирландия – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
29 декабри соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб қарор дорад, ташриф оварда, бинои нави иловагии онро ифтитоҳ намуда, ба бошандагони он, ки асосан кӯдакону наврасони маъюбанд, туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд.
***
29 декабри соли 2009 дар шаҳри Турсунзода маросими ботантанаи супоридани медалҳои ҷашнии «20 солагии баровардани низомиёни Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон» баргузор гардид, ки дар он 30 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои Афғонистон – аъзои Иттифоқи собиқадорон ва интернатсионалистони Тоҷикистон иштирок намуданд.
***
47 сол мукаддам, 29 декабри соли 1970 барои назорати шароити меҳнат дар ИМА идораи ҳифзи меҳнат ташкил карда шуд.
***
29 декабри соли 1991 дар Ӯзбекистон барои ба даст овардани истиқлолият раъйпурсӣ гузаронида шуд. Инчунин дар ин рӯз интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1991 99% аҳолии Озарбойҷон дар раъйпурсӣ барои истиқлолият овоз доданд.
***
29 декабри соли 1993 Конвенсияи гуногунии биологӣ ба ҳукми амал даромад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1982 дар Ямайка аввалин маротиба маркаи почтавӣ ба истифода дода шуд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






