ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 4 декабр, душанбе, 338-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 27 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 4, 2017 10:09

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

4 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи вазъи энергетикии мамлакат баён карда буданд.

***

5 сол пеш, 4 декабри соли 2012 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳи Мустақил ба Туркманистон сафар карда буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия ҷадвали баргузории бозиҳои Ҷоми КФО нашр шуда буд.

4 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҳиндустон – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи информатика.

РӮЙДОДҲО:

4 декабри соли 2009  дар шаҳри Картахени Колумбия Тоҷикистон ба эъломияи Картахен барои соли 2009 таҳти унвони «Масъулияти давлатҳо барои тоза кардани ҷаҳон аз мина» имзо карда буд.

***

4 декабри соли 1948 Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Шарқи Наздик таъсис ёфта буд.

 ***

56 сол қабл, 4 декабри соли 1961 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими кушодашавии Конгресси байналмилалии иттифоқҳои касаба баргузор гардида буд, ки он то 15 декабр давом кард.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1974 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо дар Шри-Ланка зиёда аз 190 нафар ба ҳалокат расида буданд.

***

4 декабри соли 1982 Конститутсияи Чин қабул карда шудааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1791 дар Англия аввалин шумораи рӯзномаи  «Мушоҳид» нашр шуда буд, ки ҳоло дар ҷаҳон куҳантарин рӯзномаи рӯзи якшанбе мебошад.

***

Соли 1925 аввалин шумораи рӯзномаи «Комсомоли Украина» (ҳоло «Ҷавонони Украина ») нашр шуда буд.

 

Декабрь 4, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш