Америка ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки ба Тоҷикистони амну бехатар саёҳат намоянд
ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Америка оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.
Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов ба АМИТ “Ховар” хабар дод, бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои ҷумҳурӣ ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардида истодааст.
Ба иттилои номбурда, сол то сол шумораи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Америка барои саёҳат ба Тоҷикистон меафзояд. Тибқи маълумоти Кумитаи сайёҳӣ, соли 2017 беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрванди Америка ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки аз ин шумора 2947 нафарашон ба хотири саёҳат ба мамлакати мо ташриф овардаанд.
Хушбахтона, бо эътироф аз талошҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳурии мо дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи раддабандии ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ мавқеи мусбат касб кард.
Абдукарим Қурбонов ҳамчунин гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф гардида, аз рӯи таҳлилҳои омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатест, ки соҳаи сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дорад.
Ҳамзамон зикр шуд, ки Тоҷикистон аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ давлати пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд.
Ҳамчунин Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» ба даҳгонаи аввали кишварҳо аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ миёни 80 давлат шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.
Бояд зикр намуд, ки дастгирии навбатие, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат пешниҳод шуд, яъне Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои ҳавасманд намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва будубоши бемамониати сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ такони ҷиддӣ мебахшад.








АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад






