Беш аз 3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дидан намуданд
ХУҶАНД, 11.01.2018. /АМИТ«Ховар»/. Соли 2017 аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки аз «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» иборат аст, 58 ҳазору 204 нафар шаҳрвандону сайёҳон дидан намуданд. Аз ин шумора 2053 нафарашон сайёҳон аз хориҷи дур ва 1198 нафар аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) мебошанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иттилоъ доданд, роҳбарият ва кормандони муассиса баҳри дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебаранд. Дар ин замина аз ҷониби ҷомеаи меҳнатии муассиса дар самти муаррифии бозёфтҳои нодири осорхонаву қалъа соли гузашта 8 маротиба конфронси илмӣ, 18 маротиба намоиш дар осорхона, 4 маротиба намоиши берун аз осорхона ташкил шуда, дар самти ободу сарсабз гардонидани мавзеи ҳудуди боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ 251 ҳазор адад гулҳои ороишӣ ва мавсимӣ, 10 ҳазор бех қаламчаи гули садбарг, 40 бех дарахтони сояафкан ва 5 бех дарахтони ороишӣ шинониданд.
Дар маҷмӯъ, тибқи иттилои масъулин, давоми соли сипаригашта аз ҳудуди Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» беш аз 300 ҳазор нафар бошандагону истироҳаткунандагон дидан намуданд.
Бояд зикр кард, ки МД Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки дорои Осорхонаи таърихӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, инчунин Қалъаи куҳандиз мебошад, чун яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии мамлакат на танҳо барои рушди илму фарҳанг, балки равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат мекунад.








Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






