БИДУНИ ТАМОКУ! Дар Душанбе меъёрҳои татбиқи Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» баррасӣ шуданд

Январь 17, 2018 15:39

ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16 январи соли равон бо ташаббуси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»: татбиқ ва дурнамо»  нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Нашри  нави  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» 2 январи соли 2018 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, таҳрири нави қонун ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардидааст. Он ҳамзамон истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.

Ба иттилои намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саидҷон Давлатов, истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва  фавти аҳолӣ ба шумор меравад. Мутобиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 5,5 миллион нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд.

«Тибқи таҳлили мутахассисон, дар як дона тамоку зиёда аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд буда,  аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон мебошанд. Соли 2015 мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон аз якчанд нуқтаҳои носфурӯшии шаҳри Душанбе намунаи нос гирифта, онро ба маркази саратоншиносии Амрико ва Маркази таҳлили химиявии шаҳри Москваи Федератсияи Россия равон карданд.

Дар натиҷа маълум гардид, ки  дар таркиби нос миқдори зиёди моддаҳои химиявии  сахттаъсир,  ба монанди хром, никел, марги муш ва сурб мавҷуданд, ки ин моддаҳо ба гурӯҳҳои дуюм ва сеюми хатарнок  дохил мешаванд»,- илова намуд Саидҷон Давлатов.

Шарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба талаботи байналмилалӣ, бахусус Конвенсияи қолабии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Тибқи маълумоти мутахассисон,  дар Тоҷикистон зиёда аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки аз инҳо 78 фоизро мардон, 10 фоизро занон ва 12 фоизи дигарро наврасон ташкил медиҳанд.

 

 

 

Январь 17, 2018 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид