Бо эҳёи дубораи Қалъаи Муғ ҷалби сайёҳон ба ин сарзамини зебоманзар ва куҳанбунёд боз ҳам вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 11.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод гардид, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардад. Дар Паём, аз ҷумла, таъкид гардид, ки «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст».
Дар ин радиф Истаравшани бостонӣ низ яке аз мавзеъҳои таърихӣ ба шумор рафта, ин шаҳрро «осорхона дар фазои кушод» ном мебаранд, зеро дар Истаравшан зиёда аз 150 мавзеъи таърихӣ мавҷуд буда, он таъриху тамаддуни қадимӣ дорад. Дар давраҳои пеш аз ин сарзамини куҳан Шоҳроҳи Абрешим мегузашт, ки он Осиёро бо Аврупо мепайваст. Ин роҳи бузург барои тиҷорат манбаи ягона буд. Тоҷирону бузургони давру замон аз ин мавзеи зебоманзар гузар намуда, Қалъаи Муғро тамошо карда, дар он сайру гашт ва савдо мекарданд. Айни ҳол бо ташаббус ва саъю кӯшиши раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода Қалъаи Муғ аз нав эҳё гардида, девори он, ки 600 метрро дар бар мегирад, бо тарзи қадимӣ навсозӣ гардида истодааст.
Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаву маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ дар ин ҷо «Амфитеатр» ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла, утоқҳои кории ҳунармандон, осорхона ва намоишгоҳи доимии ҳунарҳои мардумиӣ бунёд шуда истодааст.
Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланд ва некноми Истаравшани бостонӣ баҳри ободии диёри хеш камар бастаанд. Чуноне ки Пешвои миллат зикр намуданд: «Дар марҳалаи кунунӣ бояд ба фаъолияти давлати мо дар самти густариши ҳамкории башариву фарҳангӣ бо мамлакатҳои дунё боз ҳам вусъат бахшида шавад». Аз нав бунёд гардидани Қалъаи Муғ, ки масоҳаташ 7 гектарро ташкил медиҳад, барои ин мақсадҳои наҷиб замина хоҳад гузошт. Cайёҳон ҳини ташриф ба Истаравшани бостонӣ Қалъаи Муғро тамошо намуда, бо фарҳангу тамаддун ва ҳунарҳои мардумии ин минтақа шинос мегарданд, аз намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ харидорӣ менамоянд ва аз ҳунари муъҷизаофари онҳо дар ҳайрат монда, аҳсан мехонанд. Бояд зикр намуд, ки баъзе аз ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, читгарӣ танҳо дар Истаравшан ривоҷ дорад. Устои ҳунарманд Мирамин бо фарзандонаш ин амалро ба ҷо меоранд, ки ин ҳунари ниҳоят нодир мебошад. Ин амал заҳматталаб буда, барои ранг додани як метри он чанд шабонарӯз масраф мегардад. Сайёҳон ҳангоми ташриф ба Истаравшани бостонӣ аз ин матои табиӣ харидорӣ намуда, ба ҳунари ӯ қоил мегарданд. Ҳунарҳои дигари миллӣ- кордсозӣ, шонатарошӣ ва кандакорӣ низ имрӯзҳо хеле ривоҷ ёфтаанд.
Дар Паём, аз ҷумла, таъкид гардид, ки «миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои моддию маънавии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Дар ин замина месазад, ки Қалъаи Муғро низ ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун ёдгории таърихӣ ворид созанд, то қадимӣ будани таъриху тамаддуни тоҷиконро дар ҷаҳон муаррифӣ созад.
Дар Истаравшан ҳунармандони зиёде ҳастанд, ки дар хона ба намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ машғул буда, зиндагии хешро аз ҳамин ҳисоб пеш мебаранд. Ҳунармандони истаравшанӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми Пешвои миллатро хуб истиқбол гирифта, аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, зеро аз андоз озод гардидани онҳо сабаби боз ҳам беҳтар гардидан ва боло рафтани зиндагии ҳунармандон мегардад.
Чуноне ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Дарвоқеъ, Истаравшан бо маҳсули дасти ҳунармандонаш дар ҷаҳон шуҳратёр гардидааст. Бо эҳёи дубораи Қалъаи Муғ ҷалби сайёҳон ба ин сарзамини зебоманзар ва куҳанбунёд боз ҳам вусъат меёбад, ки ин баҳри баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Нигора ҲАЙДАРЗОДА,
муовини раиси шаҳри Истаравшан,
аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон








Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои таърихии вилояти Хатлон бештар гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт шинос шуданд
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд






