БО ТАМОМИ ОВОЗ! Тоҷикдухтар Амал Ҳафизова дар Озмуни байналмилалии мусиқӣ пирӯз шуд!

Январь 4, 2018 15:15

ДУШАНБЕ, 04.01.2018./АМИТ «Ховар»/.  Шабакаи телевизионии «Мир» Озмуни байналмилалии «Бо тамоми овоз» («Во весь голос»)-ро ҷамъбаст намуд. Даври ниҳоии озмун 29 декабри соли гузашта доир гардид ва ғолибон муайян карда шуданд.

Намояндаи Тоҷикистон Амал Ҳафизова дар озмуни байналмилалии мусиқӣ «Бо тамоми овоз» («Во весь голос»)  яккахони беҳтарин дар байни духтарон дониста шуд. Дар байни ҷавонписарон овозхони  Молдова Денис Мидоне яккахони беҳтарин эълон гардид. Гурӯҳи «Жулдыздар» аз Қазоқистон  гурӯҳи беҳтарини мусиқӣ, дастаи ҳаваскорони Россия дастаи беҳтарин интихоб шуданд.

Озмун моҳи ноябри порсол шуруъ шуда буд ва дар он ҳунармандони аз 12 то 16-сола аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон ширкат намуданд.  Тоҷикистонро дар озмун дастпарварони студияи овозхонии «Ҳафтранг»-и шаҳри Душанбе Некрӯз Зербунов, Томирис Элназарова, Амал Ҳафизова ва  Дилноз Абдуалимова намояндагӣ карданд. Роҳбарии дастаро овозхони шинохта Зафар Абдуалимов бар уҳда дошт.

 

Январь 4, 2018 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид