«Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон»-ҳамоиш дар ноҳияи Нуробод
НУРОБОД, 25.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки занону духтарони фаъоли ноҳия таҳти унвони «Бонувон-эҳёгару идомабахши фарҳанги миллии ниёгон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Нуробод Шаҳнозаи Шукрихудо иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад бонувони гуногункасб иброз намуданд, ки дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро водор месозад, ки барои аз нав эҳё кардани ҳунару анъанаҳои хосси занони ноҳия саъю кӯшиши худро равона созанд. Занони фаъол изҳор намуданд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили санъати чакандӯзӣ, қарамадӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, шерозбофӣ ва дигар ҳунарҳо саҳм гузошта, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Шаҳнозаи Шукрихудо зикр намуд, ки бо мақсади ҷалби бештари занони хонанишин ба кор, соли сипаригашта аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти Сафедчашма ва шаҳраки Дарбанд курсҳои омӯзишии қолинбофӣ ва адрасбофии дастӣ ташкил карда шуданд. Дар онҳо зиёда аз 80 нафар занону духтарони хонанишин соҳиби касб ва 8 нафар занони бекор бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд.
Инчунин дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии касбомӯзии ноҳия 524 нафар занон бо ихтисосҳои «Ошпаз», «Бофанда» (адрасбоф), «Гулдӯз», «Фермер-соҳибкор» ба омӯзиш ҷалб гардидаанд.
То имрӯз аз ҳисоби хатмкардагони касби дӯзандагӣ 188 нафар бону дар ҳудуди ноҳия ба кори хонагии дӯхтани либосҳои занона машғул мебошанд.








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид






