Дар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. 21 январ дар Аморати Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон” оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.
Маросими ифтитоҳи “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии кишвари иқомат, сафирону намояндагони корпуси дипломатӣ ва тоҷикони муқими АМА баргузор гардида, ба он Директори Департаменти фарҳанги Шарҷа Абдулазиз ал Мусаллам ҳамроҳ бо Сафири Тоҷикистон дар АМА Б.Шарифӣ ва Консули генералӣ дар Дубай Б.Сафарзода бо буридани лентаи рамзӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.
Дар ҳафтаи ҳунарӣ намояндагони ҳунарҳои гуногуни мардуми тоҷик, аз ҷумла кулолгарӣ, кордсозӣ, адрасу атласбофӣ, чакандӯзӣ ва сӯзанӣ, сангҳои қиматбаҳо, чӯбтарошӣ, ҳунари заргарӣ, қолинҳои дастбофт ва ғайра иштирок намуда, маҳсули дасти худро ба намоиш хоҳанд гузошт.
Санъаткорони ансамбли фолклории “Помир” ва ансамбли рақсии “Базморо” баҳри ҳозирин оҳангу сурудҳои мардумӣ ва рақсҳои гуногунро иҷро намуданд.
Дар чорабинии мазкур анвои гуногуни таъомҳои тоҷикӣ, аз ҷумла оши палав, инчунин асал, меваҳои хушк ва дигар маҳсулоти ғизоии истеҳсоли ватанӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Қобили зикр аст, ки Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб то 25 январи соли ҷорӣ идома меёбад.









Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






