Дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Январь 12, 2018 09:28

ДУШАНБЕ, 12.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 январ соати 08:40 бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре аз Хадамот иттилоъ доданд, заминҷунбӣ дар километри 125-уми самти шарқии Душанбе ба амал омадааст. Дар марказ қувваи заминҷунбӣ ба 4,8 ва дар шаҳри Душанбе ба 2,5-3 балл баробар будааст. Бар асари ин заминҷунбӣ талафоти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин заминҷунбӣ дар соли равон буда, бори аввали он субҳи 09 январ дар километри 340-уми самти  ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қувваи 3-4 балл ба қайд гирифта шуда буд.

Январь 12, 2018 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!