ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 16.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 январ дар ҷумҳурӣ якбора ҳаво тағйир ёфта, боридани барфу борон ва вазиши сахти бод пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард хоҳад шуд.
Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи номусоид гашта, давоми рӯз боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 5-10 ва рӯзона 3-2 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, охирҳои рӯз боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳарорат шабона 0-5 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, танҳо охири рӯз борону барф меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз сокинони пойтахтро дар охири рӯз ҳавои боронӣ интизор аст. Дар баъзе ҷойҳо боридани барф низ дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






