Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз саёҳати дохилӣ оғоз гардид

Январь 2, 2018 15:12

ДУШАНБЕ, 02.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд. Ин нукта 22 декабри соли 2017  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён  гардид.

Дирӯз, 1 январ дар рӯзи аввали Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди саёҳати дохилӣ ва шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар кӯҳҳои ноҳияи Варзоб ҳамоиши кӯҳнавардӣ ва боздид аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

«Мо тасмим гирифтем яке аз барномаҳои оғоз намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо қадами неки кӯдакону наврасон оғоз намоем. Барои ҳамин  иқдоми тамошои шаҳрро ташкил намудем ва шумо, ҷавонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе боздид намуда, барои тарғиби онҳо саҳм мегузоред»,- гуфт раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода пеш аз ба роҳ баромадани иштирокдорон.

Зикр шуд, ки инчунин зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ба километри 21-уми ноҳияи Варзоб ба кӯҳнавардӣ рафта, дар онҷо бо мавзеъҳои сайёҳии кӯҳнавардии ин ноҳия шинос шуда, онро муаррифӣ менамоянд».           Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди  соҳаи  сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Қабул гардидани Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ва дигар қарору қонунҳои соҳавӣ далели таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии давлату ҳукуматанд.

Тибқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 22%-и кураи заминро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки дар пешбурди рушди устувори иқтисодии ҷаҳон нақши муҳим мебозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳистон буда, 93 %-и онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин кӯҳҳои сарбафалаккашида бо зебоиҳои нотакрорашон дили ҳазорон сайёҳону кӯҳнавардонро дар саросари ҷаҳон тасхир намудаанд. Аз ин ҷост,  ки Тоҷикистонро аз рӯи шаҳомати кӯҳҳо ва табиати назаррабояш  «Швейтсарияи дуюм» дар минтақаи Осиёи Марказӣ ном мебаранд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи иқдоми мазкур муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии минтақаи Варзоб, пешниҳоди хатсайри нави сайёҳӣ ва ба донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ муаррифӣ кардани ноҳияи Варзоб, инчунин шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе буд.

 

 

Январь 2, 2018 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад