Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли эҳёи ҳунарҳои қадимӣ барои Истаравшан аст
ДУШАНБЕ, 19.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Истаравшан бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти унвони «Ҳунари асил» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Шералӣ Азимӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, маҳфили мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, дар он ҳунармандони шаҳр ва ҷамоату деҳот, муассисаҳои таълимӣ, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Литсеи касбӣ-техникӣ, устоҳои кордсоз, аъҷубасоз ва шонасоз маҳсули меҳнати худро ба тамошо гузоштанд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан Фароғат Юсупова иброз дошт, ки Пешвои миллат дар Паёми худ оид ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфта, барои боло бурдани зиндагии мардум дастуру супоришҳо доданд ва соли 2018 – ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд.
Ба гуфтаи масъулин, ҳоло дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ равнақ дошта, ҳар яки онҳо таърихи тӯлонӣ доранд. Мақсад аз баргузории маҳфил ва намоиши дастовардҳои мардумӣ рушд додани ҳунарҳои халқӣ ва дарёфти ҳунармандони болаёқат мебошад.
Баргузории чунин намоишу маҳфилҳо дар дигар ҷамоат ва кумитаҳои маҳаллии шаҳри Истаравшан дар назар дошта шудааст.












Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






