Тоҷикистон ба сӯи давлати индустриалӣ қадамҳои устувор мегузорад
ДУШАНБЕ, 17.01.2018/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар доираи татбиқи 9 созишномаи сармоягузорӣ ва 1 консессиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда шаванд. Дар ин росто, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо татбиқи самараноки созишномаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гашта, зиёда аз 1,8 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақим ба иқтисодиёти мамлакат ҷалб карда мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, то ин давра дар доираи созишномаҳои сармоягузории мазкур бархе аз корхонаи истеҳсолӣ, назири корхонаи нӯшокиҳои ташнашикани «Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон», корхонаи металлургии «Ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитой», «Хуаксин Ғаюр Семент», корхонаи истеҳсоли семент ва халтаи «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент», корхонаи металлҳои ранга ва корхонаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд» ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон корхонаи коркарди нафти «ТК Ойл» дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар марҳилаи баистифодадиҳӣ қарор дорад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






