«ҲУНАР БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР». Дар Хуҷанд намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад
ХУҶАНД, 23.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Суғд-шаҳри Хуҷанд дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти унвони «Ҳунар – беҳ аз симу зар» намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ баргузор мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш 24 январи соли равон дар бинои Кохи «Суғдиён»-и маркази вилоят бо намоиши ҳамаи намудҳои маҳсулоти дастии ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон бо пешниҳоди маърӯзаҳо аз ҷониби ҳунармандони касбӣ ва барномаи рангини фарҳангии санъаткорони шаҳр доир мегардад.
Бояд гуфт, ки ҳамасола баҳри дастгирӣ ва рушд додани фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳр грантҳои раиси шаҳр таъсис дода шуда, бонувони чирадаст дар ҷамъомадҳои тантанавӣ бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд. Дар ин замина соли 2018 низ таъсиси 15 адад грантҳои раиси шаҳр барои ҳавасмандгардонии занони соҳибкору ҳунарманд пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон то имрӯз дар маркази вилоят якчанд маҳаллаҳо ҳамчун маҳаллаҳои ҳунармандон, аз қабили сандуқсозон, заргарон, гаҳворасозон, кулолгарон, мӯҳрабофону сабадбофон, читгарону қаннодон маъруф буда, инчунин омӯзиши ҳунарҳои дигари дастӣ ва меҳнати хонагӣ, чун қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, косибӣ ва ғайра дар марказҳои амалкунандаи ҳунаромӯзӣ низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд.








Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






