21 феврал-Рӯзи роҳбалад. Таассуроти сайёҳ аз нақши роҳбалад низ вобаста аст

Февраль 21, 2018 16:10

ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадест, ки барои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ хизмат намуда, муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо назардошти ин нукта соли 2018  аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон  гардид.

Бояд гуфт, ки воқеан ҳам Ватани мо дорои мавзеъҳои зиёди табиӣ ва таърихию фарҳангии диққатҷалбкунанда буда, ин имкониятҳо ифодагари симои ҷолиби Тоҷикистон дар хориҷа мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар суханрониҳои худ ҳамеша таъкид мекунанд, ки мо бояд имкониятҳои хеле бузурги соҳаи сайёҳиамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Воқеан, сайёҳӣ яке аз сарчашмаҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ низ ба шумор меравад. Илова бар ин сайёҳӣ ҷойҳои кории мустақим ва ғайримустақим ба вуҷуд меорад. Дар раванди хизматрасонӣ ба сайёҳон кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла, менеҷерҳо, маркетологҳо,  роҳбаладон, ронандагон, тарҷумонҳо ҷалб шуда, инчунин сайёҳон аз хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаю мағозаҳои фурӯши армуғонҳо васеъ истифода мебаранд.

Як мисоли одии фоидаи иқтисодии сайёҳӣ барои некӯаҳволии мардум- ин таъсиси меҳмонхонаҳои хурд ва ҳуҷраҳои қабули сайёҳон дар минтақаҳои сайёҳӣ мебошад. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин самт кумита якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ корҳои муайян ба анҷом мерасонад. Ин таҷрибаро аллакай сокинони ноҳияи Дарвоз ва баъзе минтақаҳои дигари Бадахшон доранд. Оилаҳо меҳмонхонаҳои хурд ва ҳуҷраҳои қабули сайёҳонро бо унсурҳои миллӣ оро дода, барои дўстдорони табиат шароити асосии буду бош фароҳам овардаанд.

Айни ҳол тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 10 мактаби олӣ дар ин самт кадрҳо омода мекунанд. «Дар ин самт кумита корро аз омўзиши кормандони худ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳову истироҳатгоҳҳо ва тарабхонаҳо оғоз намуд. Он ҳам бо ҷалби коршиносони худӣ ва ҳам мутахассисони байналмилалӣ мунтазаму давомнок ба роҳ монда мешавад»,-иттилоъ доданд аз Кумита.

Қобили зикр аст, ки яке аз талаботи хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ- ин тайёр намудани роҳбаладони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ мебошад, ки дар ин самт Кумита корҳоро роҳандозӣ дорад. Ва маҳз ба хотири таъкиди муҳимияти касби роҳбаладӣ дар самти рушди туризм ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус он кишварҳое, ки ҳамчун маркази сайёҳӣ шинохта шудаанд, 21 февралро ҳамчун Рӯзи роҳбалад таҷлил мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки роҳбалад, қабл аз ҳама, шахсияти омодашудаи соҳибкасбест, ки сайёҳонро бо объектҳои сайёҳӣ шинос менамояд ва мувофиқи барнома, гурўҳи сайёҳиро ҳамроҳӣ менамояд. Набояд фаромӯш сохт, ки бисёр сайёҳони хориҷӣ баъди муваффақона анҷом додани барномаи сайёҳӣ ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва бахусус шахсони хизматрасон баҳогузорӣ намуда, хулосаҳои худро дар торнамоҳои интернетӣ ҷойгир менамоянд. Ин намуди баҳогузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо забони англисӣ ҳамчун истилоҳи «Feedback»  маъмул аст, яъне таассуроти сайёҳ баъд аз сафар. Ҷиҳати мусбати баҳогузории сайёҳ аз сафараш сабаби фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳӣ ва шахсони хизматрасон шуда, яке аз роҳҳои ҷалб намудани сайёҳон ба кишвар низ мебошад. Ва мусаллам аст, ки агар як сайёҳро мо бо хизматрасонии аъло гусел кунем, вай  кишвари моро ҳамчун давлати  сайёҳӣ ва меҳмоннавоз ба дигар сайёҳон низ таблиғ мекунад, ки натиҷааш ҷалби сайёҳони зиёд ба мамлакати мо мебошад.

Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, айни замон як қатор ширкатҳои сайёҳии «Тоҷик Тур», «Ҷавоҳир», «Муассисаи сайру саёҳати иттифоқҳои касаба», «Роҳат Тур», «Ором саёҳат», «Вояж тур», «Ориент Адвентур» ва ғайра ба минтақаҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла, мавзеъҳои ҷолиби шаҳри Душанбе, Қалъаи Ҳисор, Сафеддара, Норак, Искандаркӯл, Варзоб, Ромит, Муъминобод, бо фарогирии ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кўлоб, Панҷакент, Хуҷанд, Шаҳритус бо фарогирии мамнўъгоҳи «Бешаи палангон» ва Бадахшон барои хоҳишмандон мунтазам хатсайрҳои гуногун роҳандозӣ мекунанд.

Кумита баҳри тайёр кардани мутахассисони ихтисосманди соҳа ва васеъ намудани марказҳои меҳмоннавозӣ, саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, мустаҳкам кардани имиҷи ҷумҳурӣ ҳамчун маркази туризми байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ “Ховар”

Февраль 21, 2018 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар Боку дар форуми танзимгарони сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Хоруғ олимпиадаи минтақавӣ доир намуд
Имсол 7203 сайёҳи хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлонро тамошо кардаанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид