Дар Хатлон Форуми якуми занони ҳунарманд баргузор гардид
БОХТАР, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон таҳти унвони «Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар Форум раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, намояндагони илму фарҳанг, занони соҳибкор ва фаъол, ҳунармандони маъруфи шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, дар мавзӯи нақши занон дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бахусус чакану қуроқдӯзӣ ва зардӯзию заргарӣ сухан гуфтанд.
Раиси вилояти Хатлон иброз намуд, ки «занони вилояти Хатлон аз қадим бо ҳунарҳои дастии хеш маълуму машҳур мебошанд. Баргузории ин гуна озмуну фестивалҳо ба рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ мусоидат мекунад. Чунин намоишҳо, аз ҷумла Форуми занони ҳунарманд минбаъд дар вилоят мунтазам гузаронида мешаванд».
Дар доираи Форум намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ сурат гирифта, занони моҳири Хатлон бо пешниҳоди маҳсулоти худ сайёҳон ва меҳмононро бо усули хоси санъату ҳунари мардуми тоҷик шинос намуданд.
Зимни Форум намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва озмун барои муайян кардани соҳибкорзанони муваффақ доир гардид. Раиси вилоят бо маҳсули дастони занони ҳунарманд шинос шуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд дод. Дар вазъияти ботантана 6 зани ҳунарманди Хатлон ғолиби озмуни «Соҳибкорзани муваффақ» дониста шуда, бо сипоснома ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






