Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Февраль 6, 2018 09:56

ДУШАНБЕ, 06.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи ба номи  Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки ҷавонон ва ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, масъулини раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, мудирон ва ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои минтақа иштирок намуданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ нодиртарин навъҳои кашидадӯзию чакандӯзӣ, кандакорию қуроқдӯзӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ пешниҳод гардиданд, ки инъикоскунандаи таърихи куҳани мардуми тоҷик буданд.

Дар Конференсияи илмӣ- амалӣ чор мавзӯъ баррасӣ шуданд. Зимни конференсия аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки барои тарғиби мавзеъҳои зебо ва ҷалби сайёҳон ба вилоят,  рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҳунарҳои аз байн рафта тамоми кӯшиши худро равона созанд, то Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати зебо ва дорои табиати нотакрор шинохта шавад.

Февраль 6, 2018 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд