Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ихтисосҳои нав ба роҳ мемонад

Февраль 6, 2018 11:36

ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар донишкада таҳти унвони «Рушди сайёҳии байналмилалӣ»  ихтисоси нав ҷорӣ намояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ  ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  Шукрулло  Хайрзода  дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Мавсуф зикр кард, ки  дар  Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон   аз рӯи 37 ихтисос, ки самташон ба бахши иқтисод ва молия нигаронида шудаанд, барои бозори меҳнат мутахассисон  омода гардонида мешаванд.

Ҳоло дар Донишкадаи  молия ва иқтисоди Тоҷикистон   наздик ба 7 ҳазор донишҷӯ  дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуда, 1654 нафар  тариқи буҷавӣ, 5281 нафар тариқи шартномавӣ  ва 28 нафар донишҷӯ тавассути квотаи президентӣ  таҳсил менамоянд.

Февраль 6, 2018 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд