Комроншоҳи Устопириён дар Германия мақоми панҷумро соҳиб шуд

Февраль 26, 2018 10:33

ДУШАНБЕ, 26.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Чемпионати байналмилалӣ оид ба дзюдо «Тоскулоҳи бузург», ки рӯзҳои 23-25 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Германия баргузор шуд, мақоми панҷумро соҳиб шуд.    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  аз Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон   иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ,  Комроншоҳ дар рӯзи охирини мусобиқот – 25 феврал дар рақобатҳо дар вазни — 90 кило дар аввалин қувваозмоияш бар Юрий Мокану (Молдова) ғолиб омад. Баъдан Ҷеспер Сминки ҳолландӣ ва Дмитрий Довгани россиягиро мағлуб намуда, ба нимфинал баромад. Вале Устопириён дар даври нимфиналӣ аз қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейро Машу Бакер аз Япония шикаст хӯрд. Сипас Комроншоҳ қувваозмоиро барои ҷойи сеюм ба ғолиби Гран-прии Анталия дар соли 2017 Алтанбагана Гантулга (Муғулистон) бохт. Ҳамин тариқ, Комроншоҳи Устопириён мақоми панҷумро аз они худ кард.

Бояд  зикр кард, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар дохил буд: Беҳрӯзи Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов. Чаҳор гӯштингири тоҷик 24 феврал дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ҳисоби умумидастаӣ миёни мардону занон дастаи  мунтахаби Япония бо 7 медали тилло ва 2 нуқра ғолиб шуд. Дастаи  мунтахаби Россия бо 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ мақоми дуюм ва дастаи мунтахаби Украина бо 1 медали тилло ва 1 нуқра мақоми сеюмро касб намуданд.

Тоҷикистон бо як мақоми панҷуми Комроншоҳи Устопириён дар байни 65 кишвар мақоми 30-юмро ишғол кард.

Февраль 26, 2018 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад