Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур Маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ таъсис медиҳад
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар он раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва раисони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
«Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои омӯзиши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, омӯзиш ва дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронияшон дар маҷлиси навбатии Кумитаи ичроияи марказии ҲХДТ бармеоянд ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуданд»,- иброз дошт муовини раис, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Иззатуллои Ҳабибзод.
«Имсол дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Мо тасмим гирифтем, ки бахшида ба он дар назди Кумитаи ичроияи ҳизбии ноҳия Маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ таъсис диҳем, то ки он барои ҷалби духтарони хонанишин ба касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо мусоидат намояд»,-гуфт И. Ҳабибзод.
Масъулин аз сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктремистӣ ибрози андеша намуданд.
Дар маҷлис якчанд нафар ҷавонону бонувон ба узвияти ҲХДТ шомил шуда, ба иддае аз онҳо барои саҳми шоистаашон дар рушди бемайлони ҳизб ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои он ифтихорномаву сипосномаҳо супорида шуданд.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






