Кумитаи рушди сайёҳӣ: дар Тоҷикистон низоми мусоиди воридшавӣ ва будубоши сайёҳон амал мекунад

Февраль 27, 2018 13:58

ДУШАНБЕ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди сайёҳӣ, аз ҷумла, воридшавӣ ва будубоши сайёҳони хориҷӣ ислоҳоти муҳим роҳандозӣ шудааст.

Низоми электронии дастрас намудани раводид ҷорӣ гардида, аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии «e-Visa» ба кор даромад.

Низоми раводиди электронии «e-Visa» ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, сайёҳон иҷозат медиҳад, ки аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ дар муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электрониро ба даст оранд.

Муҳлати эътибори раводиди электронӣ 90 рўз буда, дорандаи он метавонад пас аз ворид шудан 45 рўз дар қаламрави ҷумҳурӣ будубош намояд. Ҳамзамон сайёҳони хориҷӣ то 45 рўз аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мебошанд.

Дар баробари ин, бо зиёда аз 80 давлати дунё низоми содаи раводид ҷорӣ гардида, шумораи давлатҳо боз ҳам афзоиш меёбад. Инчунин бо 11 давлат низоми бе раводид амал мекунад.

Хоҳишмандон раводиди худро тавассути почтаи электронӣ ва бо  пардохт тариқи онлайн аз корти кредитӣ тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи байналмилалӣ ба даст меоранд.

Ин омилҳо барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиби диққат буда, ҷиҳати интихоб намудани Тоҷикистон барои сайру саёҳат мусоидат мекунанд. Низоми содаи раводид ё раводиди электронӣ, ташриф наовардан ба муассисаҳои консулӣ, будубоши бе қайд дар мақомоти дохилӣ имкон фароҳам меоранд, ки сайёҳ диққати худро танҳо ба саёҳат сафарбар намояд.

Бояд тазаккур дод, ки низоми мазкур ниҳоят пешқадам буда, дар минтақа авввалин шуда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.

Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми электронии раводиди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба панҷгонаи беҳтарин ворид шудааст.

 

 

 

Февраль 27, 2018 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид