Мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо таҷрибаи қабул ва хизматрасонии сайёҳӣ дар Туркия шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 10.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо таҷрибаи қабул ва хизматрасонии сайёҳии Туркия шинос мешаванд. Дар ин бора Менеҷер оид ба кишварҳои Осиёи Марказии ширкати бузурги сайёҳии Туркия “HEKAR TRAVEL” Туркар Гюртен зимни мулоқот бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода изҳори назар намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин самтҳои ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳони Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба доираҳои сайёҳӣ ва ВАО-и Туркия, таҳияи маводи иттилоотӣ ва ҷалби сармоягузорони туркӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ба намояндаи ширкат оид ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Намояндаи ширкати туркӣ аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони Туркия ба мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон баён дошт.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






