Озмуни беҳтарин роҳбалад ва акси манзараҳои Тоҷикистон иштирокчиёни фаъолро интизор аст

Февраль 24, 2018 12:01

ДУШАНБЕ, 24.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд.

Ба иттилои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд,  озмун аз бахшҳои расми беҳтарини манзараҳои Тоҷикистон, сомонаи беҳтарини сайёҳӣ, роҳбалади беҳтарин ва видеоролики беҳтарин, ки муҳтавои имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро инъикос мекунад, иборат мебошад.

Дар бахши беҳтарин расми манзараҳои Тоҷикистон расми гирифтаи иштирокчии озмун бо риояи ҳуқуқҳои муаллифӣ роҳ дода мешавад. Расмҳо бояд андозаи калон ва сифати баланди на камтар аз 10 мегапикселӣ дошта бошанд. Ҳар иштироккунанда метавонад то даҳ акс пешниҳод намояд.

Дар бахши сомонаи беҳтарини сайёҳӣ сомонаҳое ба озмун роҳ дода мешаванд, ки дар онҳо муҳтавои соҳаи сайёҳӣ, аз қабили ҷалби сайёҳон, хизматгузориҳои сайёҳӣ, муаррифии гӯшаҳои зебоманзари мамлакат ба сайёҳон ва амсоли он бо забонҳои русиву англисӣ ва давлатӣ дарҷ ёфта бошанд.

Дар бахши роҳбалади беҳтарин шахсоне қабул карда мешаванд, ки вобаста ба ин ё он самт, мавзуъ, объект, ёдгории таърихӣ, осорхона ва амсоли он, ки ба фаъолияти муошират бо сайёҳон нигаронида шудааст, барномаи муаррифӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ ва давлатӣ пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин дар бахши видеоролики беҳтарин наворҳои видеоии то 5 дақиқагие, ки муҳтавои муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро бо инъикоси одамон, урфу одат, манзараҳои зебо, ёдгориҳои таърихӣ, биноҳои боҳашамат ва амсоли онро дар равиши HD инъикос мекунанд, мавриди корбарӣ қарор дода мешаванд.

Муҳлати қабули мавод то  28 августи соли равон муайян шудааст.

 

 

 

Февраль 24, 2018 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд