«ПАЙКИ ҲУНАР». Мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанг ва ҳунари волост

Февраль 28, 2018 14:42

ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Пайки ҳунар» ҷамъомад доир гардид.

Дар ҳамоиш директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода зикр намуд, ки «ҳар давлат  дорои фарҳанги ба худ хос мебошад. Мардуми тоҷик тавонист то имрӯз  суннатҳои гуногуну рангоранги фарҳангиро  тавассути мероси гузаштагон ва рисолаву таърихномаҳо нигоҳ дорад. Ҳангоми  омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ муайян гардид, ки ҳанўз ҳам бисёр ҷанбаҳои гуногуни суннатҳои миллӣ ба таври комил мавриди пажӯҳиш ва омӯзиши дақиқ қарор нагирифтаанд. Албатта, сарчашмаҳои таърихиву мардумшиносӣ то замони истиқлол қисман аз ҷониби мухаққиқони рус ва дигар олимон таҳқиқ гардиданд, вале маҳсули заҳмати ҳунармандони замони Истиқлол хеле кам мавриди омўзиш қарор дода шудаанд».

Ба гуфтаи Абдусалом Мирализода,   ҳоло зарур аст, ки  паҳлӯҳои гуногуни ҳунарҳои мардумии мамлакат таҳлилу таҳқиқ шаванд. Имрӯз  замоне фаро расидааст, ки феҳристи эҷодиёти ҳунармандон, арзишмандтарин намунаи ҳунари онҳо дар самтҳои мухталифи фарҳанг, ҳунар, таърих ва мардумшиносӣ мавриди омӯзиши дақиқи илмӣ қарор гирифта, бо шумораи зиёд нашр ва пешкаши омма гардонида шаванд.

Ҳамзамон муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз дошт, ки боиси хушҳолист, ки  соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин бори дигар гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанг ва ҳунар будаанд.

«Дар доираи  табиқи иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ коргоҳҳои қолинбофии дастӣ, атласу адрасбофӣ ва мактаби ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил шуда, дар онҳо занону духтарони зиёд фаъолият доранд.  Бо мақсади рушди ҳунарҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагии занони ҳунарманд дар ҳамкорӣ бо Сафорати  Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар  Тоҷикистон дар ноҳияҳои Вахш ва Данғара  ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 100 адад ҷои кори  доимӣ таъсис дода шуд. Ба ин корхонаҳо 50- нафарӣ занону духтарони хонашин, маъюбон ва духтарони аз таҳсил дурмонда ҷалб карда шудаанд»,- гуфт Зулфия Давлатзода.

Дар охири ҳамоиш ҳунари дасти ҳунармандони Бунёди байналмилалии косибони Тоҷикистон «Ҳафт пайкар» ва Ташкилоти ҷамъиятии «Назира» ба маърази тамошо гузошта  шуд.

Февраль 28, 2018 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд