Парлумони Тоҷикистон санади байни Тоҷикистону Ҳиндустонро оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадро вакилони Маҷлиси намояндагон дирӯз тасдиқ намуданд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни шарҳи масъала гуфт, ки ин санад моҳи декабри соли 2016 дар шаҳри Деҳлӣ ба имзо расидааст.
Бояд зикр намуд, ки ба тасвиб расонидани Протоколи мазкур аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон ба мукаммалгардонӣ ва рушди табодули иттилоъ байни мақомоти андози ҳар ду давлат барои аз байн бурдани саркашӣ аз супоридани андозҳо шароит фароҳам меорад.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






