Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19–20 феврал дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ҷаласаҳои муштараки 25-уми зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардиданд, ки дар он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар доираи ҷаласаҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими амният, рушди демократия, ҳифзи ҳуқуқи инсон, инчунин масъалаҳои иқтисодӣ ва экологӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими сулҳи минтақавӣ дар асоси консепсияи амнияти ҳамаҷониба, ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак барои муқовимат ба чолишҳои марбут ба амнияти иқтисодӣ ва экологӣ, инчунин таъмини шаффофият ва якпорчагии равандҳои интихоботӣ дар шароити таҳдидҳои гибридӣ баррасӣ шуданд.
Изҳор гардид, ки баргузории ҷаласаҳои зимистонаи Ассамблея ба густариши муколамаи созанда байни сохторҳои қонунгузор ва иҷроияи давлатҳои иштирокчӣ мусоидат намуда, ҳамзамон ҳамчун марҳилаи муҳими омодагӣ ба ҷаласаи солонаи 33-юми Ассамблея, ки моҳи июли соли 2026 дар шаҳри Гаага баргузор мегардад, арзёбӣ мешавад.
Зимни иштирок дар ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амният Гулзода Маҳмадшоҳ таъкид намуд, ки сулҳ ва субот омили калидии рушди ҳамкории байнидавлатӣ ва заминаи таҳкими эътимоди мутақобил байни халқҳо маҳсуб шуда, барои пешгирии низоъҳо ва мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ аҳаммияти хос доранд. Дар ин замина ӯ аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳоди қатъномаи махсус оид ба эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», ки аз минбари Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баён гардид, ёдовар шуда, ҷонибҳоро ба дастгирии он даъват намуд.
Ҳамчунин зимни ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илм, технология ва муҳити зист таваҷҷуҳи иштирокчиён ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва рушди энергияи барқароршаванда ҷалб гардида, давлатҳои иштирокчӣ ва шарикони рушд ба иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар доираи Раванди оби Душанбе, ки аз 25 то 28 майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват карда шуданд.
Ҳамзамон мулоқоти ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Намояндаи махсуси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ, пешбурди ташаббусҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ карда шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиш баргузор гардид
Рушди муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид






