Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд

Февраль 23, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки бо ташаббус ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман таъсис дода шуданд. Ин иқдом заминаи устувор барои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар гардид.

«Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршарафи ташаккул ва рушдро тай намуд. Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввал хизматчиёни ҳарбӣ бо садоқат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар роҳи ҳифзи сулҳу субот ва оромии ҷомеа саҳми арзанда гузоштанд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба як ниҳоди пуриқтидор ва муназзами ҳарбӣ табдил ёфта, бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд»,-афзуд Файзалӣ Идизода.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки имрӯз Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд ва яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории навини тоҷикон табдил ёфта, кафили ҳифзи сулҳу ваҳдат ва зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон гардидааст.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид