Пешниҳоди фарҳангӣ: дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фестивали ягонаи жанрҳои гуногуни мусиқӣ ташкил карда шавад
ДУШАНБЕ, 21.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон фестивали ягонаи жанрҳои гуногуни мусиқӣ ташкил карда шавад. Ин таклиф зимни мулоқоти директори генералии Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» Олим Акрамов ва директори генералии Муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» Одил Абдуқаҳҳоров, ки дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Ҷонибҳо қарор доданд, ки лоиҳаи муштараки фестивал омода ва ба кишварҳои боқимонда барои баррасӣ ва мувофиқа пешниҳод шавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот инчунин Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, коргардони Театри калони давлатии академии Ӯзбекистон Ҳайдаралӣ Қосимов ва сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Норов иштирок намуданд.
Ҷонибҳо оид ба ҳамкории минбаъдаи ду давлат дар соҳаи санъат, аз ҷумла, ташкили сафарҳои ҳунарии ҳунарпешагон ба ҳар ду мамлакат ва баргузории консертҳои муштарак суҳбат намуданд.
Зикр гардид, ки дар ин росто бояд шартномаи дутарафа таҳия гардида, тӯли чанд рӯзи минбаъда, ки меҳмонони ӯзбек дар Тоҷикистон ҳузур доранд, ба имзо расонида шавад.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






