РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Решаи пайдоиши ҷӯроббофӣ дар Бадахшон то ба давраи ориёӣ мерасад
ХОРУҒ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунари ҷӯроббофии бонувони Бадахшон аз замонҳои хеле қадим оғоз ёфта, то замони мо расидааст. Ин ҳунари мардумӣ дар асрҳои ҳафту ҳашт хеле рушд карда буд ва ба ҳар сайёҳ ё меҳмоне, ки ба ин минтақа сафар менамуд, ҳатман ҷӯроб туҳфа мекарданд. Ҳамин тавр ин ҳунари дастони бонувони тоҷик марзро убур намуда, то ба кишварҳои ҳамсояи Чин, Ҳиндустону Покистон, Афғонистону Эрон мерасид. Аз солҳои шастум ва ҳафтодуми асри бист ҷӯробҳои бофтаи бонувони Бадахшон дар осорхонаҳои Россия, Германия, Британияи Кабир борҳо ба намоиш гузошта шуданд.
Директори Маркази эҷодиёти халқ ва фарҳанги ВМКБ Сорбон Мамадамонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «пашме, ки аз он ҷӯроб бофта шудааст, нақшу нигор ва ранги он бисёр олимони соҳаи фарҳангу ҳунарро ба ҳайрат меовард. Ҳамаи маҳсулоте, ки дар бофтани ҷӯроб аз он истифода мебаранд, комилан табиӣ мебошад. Дар бештар маврид пашми гӯсфанд, уштур ва бузҳои ангориро ба кор мебурданд. Пашмро бо гулу гиёҳҳои табиӣ ранг мекарданд. Ранги гулобиро аз гиёҳи рӯван, ранги зардро аз гули хор, ранги сурхро аз решаи гули хор, ранги зарди торикро аз пӯстлохи дарахти зардолу ё чормағз омода мекарданд. Барои бофтани ҷӯроб сихро аз химчаи дарахтоне, ки шохаҳояшон мустаҳкаманд, месохтанд. Аз ин рӯ рангашон на аз таъсири обу на аз таъсири офтоб тағйир намеёфт ва солҳои дароз одамон аз онҳо истифода мекарданд. Аз номҳои нақшу нигор аён аст, ки бештарашон аз табиат гирифта шудаанд. Ба монанди «Пари товус», «Думи каждум», «Моршакл», «Ориёгул», «Камони Рустам», «Абри сари кӯҳ», ки шумораашон то ба 60 намуд мерасад».
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, мутаассифона, пас аз солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта ҳунари ҷӯроббофӣ дар байни занону духтарон камтар тарғиб мешуд ва он фақат дар деҳоти дурдаст ба мушоҳида мерасид. Аз ин рӯ баъзе аз нақшу нигорҳо ба тадриҷ фаромӯш шуданд. «Хушбахтона, дар бойгонии Маркази эҷодиёти халқ ва фарҳанги вилоят нусхаи аксарияти ин нақшу нигор маҳфуз мондааст ва дар замони истиқлолияти давлатӣ онҳо дастраси бонувони ҳунарманд гардиданд. Имсол ният дорем, ки то ҷашни 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 50 номгӯй нақшу нигорро барқарор ва ба маъраз гузорем».
Дар шароити кунунӣ барои тарғибу ташвиқи фарҳанги асили миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз шабакаҳои гуногуни телевизионии мамлакат ва сомонаҳои интернетӣ сокинони вилоят имкон доранд ҳарчӣ бештар мардумони ҷаҳонро бо расму анъана ва ҳунарҳои мардумии халқамон шинос созанд.
Баъди Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар ҳудуди вилоят аллакай даҳҳо мактабҳои ҳунарии оилавӣ ташкил шудаанд, ки мақсадашон ба насли наврас ёд додани асрори ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҷӯроббофӣ, муҳрабофӣ, сабадбофӣ ва амсоли инҳо мебошад.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






