Соли гузашта 31 ҳазор нафар сайёҳу истироҳаткунандагон аз «Баҳри тоҷик» дидан намуданд
ХУҶАНД, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҳамроҳ бо Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва соҳибкорони шаҳр кӯшиш доранд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣ ва дӯкону растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои халқиро бештар намоянд. Ин амал ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид ва ҷавобгӯ ба талаботи сайёҳӣ роҳандозӣ гардидааст.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар шаҳри Гулистон ва истироҳатгоҳҳои он дар лаби «Баҳри тоҷик» тамоми имкониятҳо барои истироҳату табобати меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудаанд.
Танҳо давоми соли 2017 ба минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳр расман 30 ҳазору 723 нафар меҳмонон ташриф оварданд, ки аз онҳо 3823 нафар меҳмонони хориҷӣ (нисбати соли 2016 — 700 нафар зиёд) ва 26 ҳазору 900 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ мебошанд.
Соли 2017 даромади маблағ аз ташрифи сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ба ин шаҳр 32 миллиону 624,9 ҳазор сомониро ташкил дод.
Айни ҳол дар шаҳр 4 меҳмонхона фаъолият дошта, ҳамчунин дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил», лагери «Шоҳин» ва маркази хизматрасонии «Усмонҷон» дар як вақт имкони қабули 1100 нафар истироҳаткунандагону табобатгирандагон мавҷуд аст.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






