СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Душанбе Маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ зери бренди «Рахш таксӣ» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Сайёҳон» ва таҳти сарпарастии Федератсияи футболи Тоҷикистон марҳилаи аввали Маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо 50 адад мошинҳои сабукрав зери бренди «Рахш таксӣ» таъсис дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки «нақлиёт қисми муҳими хизматрасонии сайёҳӣ мебошад. Аҳмияти умдаи Маркази мазкур дар он аст, ки сайёҳон аз истифодаи сифатноки хизматрасонии нақлиётӣ бархурдор мегарданд. Инчунин имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат тавассути расмҳои ҷолиб, ки дар қисми берунии мошинҳо ҷой дода шудаанд, таблиғ карда мешаванд».
Ба гуфтаи раиси Кумита, марҳилаи дуюми марказ дар ҳоли омодашавӣ қарор дорад.
Сипас бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Қадамҳои устувор дар рушди хизматрасониҳои сайёҳӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш зикр шуд ки аз ҷониби Кумита дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд вобаста ба таҳияи замимаҳои мобилӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаи интернет, аз ҷумла, ба низоми интернетии Google, рушди тиҷоратикунонии соҳаи ҳунармандӣ ва таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ озмун эълон карда шудааст.
Мақсади озмуни мазкур мусоидат ба мутахассисони ҷавон дар таҳияи лоиҳаҳо ва кашфи ғояҳои инноватсионӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамоиш роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, устодон ва донишҷӯёни фаъоли риштаи сайёҳии макотиби таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ширкат намуда, иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба ҷалби таваҷчуҳи ҷомеа ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои бойи сайёҳии мамлакат ва болоравии маҳсулоти сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.










Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






