Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн имкониятҳои нав фароҳам меорад
ДУШАНБЕ, 06.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми имсола Пешвои миллат соли 2018–ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Ин сол барои Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ин матлабро ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури доираи васеи рӯзноманигорон баён дошт.
Ба иттилои Ҷамшед Ғанизода, осори санъати рассомию ҳайкалтарошӣ, муҷассамавию ороишӣ, меъморию манзаравӣ, наққошӣ, заргарӣ кандакорӣ, бофандагӣ дар ҳамбастагӣ бо асолати миллии он омили муҳими ба Тоҷикистон ҷалб кардани сайёҳони хориҷӣ мешавад, ки донишҷӯёни донишкада аз чунин ҳунарҳо бархурдор ва соҳибтахассус мегарданд.
«Соли 2017 донишкадаро бори нахуст 106 нафар хатм карда, соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардиданд. Феълан, ҳамаи онҳо, ба истиснои нафароне, ки идомаи таҳсилро қабул карданд, дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа машғули коранд»,-иброз намуд ректори Донишкада.
Зикр гардид, ки ҷиҳати амалишавии таҳсилоти фосилавӣ дар Донишкада силсилатадбирҳои судманд ба сомон расидаанд. Аз ҷумла, васли лавозимоти муҳими техникии муосир, гузаронидани машғулиятҳо бо ҳайати омӯзгорону кормандон ва кашидани хатти Интернет дар тамоми сохторҳои Донишкада аз ин шуморанд.








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






