ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 11 феврал, якшанбе, 42-юмин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
11 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел иштирок намуда, бо ҳамватанони муқими Белгия мулоқот анҷом доданд.
***
5 сол пеш, 11 феврали соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, масоили созандагию бунёдкорӣ, ободонию сабзазоркунии муҳити зист ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолиро баррасӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд.
11 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии бемор.
***
Дар Камерун – Рӯзи ҷавонон.
****
Дар Либерия – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
РӮЙДОДҲО:
11 феврали соли 2009 дар шаҳри Брюссел форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Белгия баргузор гардид.
***
11 феврали соли 2010 маросими супоридани қисми зиёди адабиёти таълимӣ-методӣ ва рассомӣ барои макотиби Тоҷикистон аз Федератсияи Россия баргузор гардид.
***
5 сол қабл аз ин, 11 феврали соли 2013 Вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар маросими расмии оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – соли 2013, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид, иштирок намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huaxin Cement Co., LTD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чинро тасдиқ намуданд.
***
11 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон муҳокима карда шуд.
***
29 сол муқаддам, 11 феврали соли 1989 дар Венгрия бисёрҳизбӣ иҷозат дода шуд.
***
11 январи соли 1978 дар Чин манъи мутолиаи китобҳои Арасту, Шекспир ва Диккенс бекор карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2015 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар Алмаато маросими ботантанаи ифтитоҳи дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба оғози кумаки тиббӣ-санитарӣ доир гардид.