ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 феврал, ҷумъа, 33-юмин рӯзи соли 2018 аст

Февраль 2, 2018 08:08

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

2 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

***

Як сол пеш, 2 феврали соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки тайи ин солҳо дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония рух доданд, далели равшани эҳтимоми ҷонибҳо ба рушди равобити ҳасана байни ду давлат дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад».

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи сиёсати давлатии саноат» — ро баррасӣ намуд.

2 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи паҳн намудани иттилоот дар бораи артрити ревматоидӣ

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҷавонон.

 РӮЙДОДҲО:

2 феврали соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

 ***

2 феврали соли 2016  дар Душанбе маросими қуръапартоии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ баргузор гардид.

***

Як сол пеш, 2 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе нобудкунии навбатии маводи мухаддир баргузор гардид. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузорӣ дар оташдони махсус зиёда аз 430 килограмму 34 грамм маводи мухаддирро сӯзонид.

***

2 феврали соли 1924 Федератсияи байналмилалии варзиши лижаронӣ таъсис дода шуд.

***

Инчунин 2 феврали соли 2003 дар Қирғизистон раъйпурсӣ баргузор гардид ва Конститутсияи ин ҷумҳурӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд (Президенти Қирғизистон онро 18 феврали соли 2003 ба имзо расонид).

***

2 феврали соли 2003 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гандбол дастаи Хорватия дастаи Германияро бо ҳисоби 34-31 мағлуб кард ва чемпиони ҷаҳон шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1970 дар Мюнхен аввалин маротиба чарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани асабҳо гузаронида шуд.

 

 

Февраль 2, 2018 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш