ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 24 феврал, шанбе, 55-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
24 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо»-ро ба имзо расониданд.
***
4 сол пеш, 24 феврали соли 2014 дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Ҳоуглен масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Америка ва ҳамкории судбахши ду мамлакат баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ»-ро имзо намуданд.
24 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Эстония – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Мексика – Рӯзи парчам.
РӮЙДОДҲО:
24 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар майдони зиёда аз 10 гектар замини назди Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доман паҳн кардааст, асос гузошта, мардуми ҷумҳуриро ба вусъати корҳои ниҳолшинонию сабзазоркунӣ ҳидоят намуданд.
***
24 феврали соли 2009 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад баррасӣ карда шуд.
***
6 сол пеш, 24 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид.
***
24 феврали соли 2014 дар Тоҷикистон дар пояи Институти физикаю математикаи АИ ҶТ корхонаи истеҳсоли моеъи нитроген (азот) ифтитоҳ гардид. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 300 тоннаро ташкил медиҳад.
***
Як сол пеш, 24 феврали соли 2017 Дафтари кишварии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон 15-солагии фаъолияташро таҷлил намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд шуъбаи нави Маркази илм ва фарҳанги Россия ифтитоҳ гардид.
***
24 феврали соли 1910 дар Шветсия дастаи футболи «Малмё» таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2011 дар Германия босуръаттарин ва гаронтарин дучарха дар таърихи олам истеҳсол карда шуд, ки 100 км-соат суръат ва 60 миллион евро арзиш дошт.