«ТУ БЕҲТАРИН!». Донишҷўи Коллеҷи санъати Душанбе дар Озмуни байналмилалии вокалии «НТВ»-и Россия Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 05.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷўи курси якуми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» Меҳрона Ғайбуллоева бо дархости ширкати телевизионии «НТВ»-и Россия барои иштирок дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») ба Москва сафар кард.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоиши телевизионии озмуни мазкур 10 феврали соли 2018 тариқи шабакаи телевизионии «НТВ» оғоз меёбад. Дар он 82 нафар наврасони аз 7 то 18-сола аз Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок мекунанд. Ба ҳайати ҳакамони озмун Ҳунарпешаи халқии Россия, оҳангсоз Игор Крутой, сарояндагон Сергей Лазарев, Юлианна Караулова ва оҳангсоз Виктор Дробиш шомиланд.
Чун дар мавсими аввал, ки соли гузашта доир шда буд, имсол низ шоу-барномаи аллакай машҳури телевизионии «Ту беҳтарин»-ро сармуҳаррири Идораи барномаҳои мусиқӣ-фароғатии «НТВ» Вадим Такменев барандагӣ хоҳад кард.
Муовини директор оид ба таълими Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов Баҳром Назаров зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки озмуни «Ту беҳтарин!» ба кӯдакони боистеъдоде, ки ятиманд, имкон медиҳад қувваю истеъдоди худро санҷида, дар саҳнаҳои бузург сурудхонӣ намоянд.
Интихоби довталабон (кастинг) барои иштирок Озмуни «Ту беҳтарин!» ҳар сол ҳар сол аввалҳои моҳи декабр дар Сафорати Россия дар Тоҷикистон баргузор карда мешавад. Меҳрона Ғайбуллоева тӯли се сол дар ин кастинг иштирок намуда, қувваю истеъдоди худро санҷид. Ниҳоят, имсол ӯ ба ин озмун роҳ ёфт»,- иброз дошт Баҳром Назаров.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, Меҳрона хатмкардаи Мактаб–интернати № 1 –и шаҳри Душанбе мебошад. Бо мақсади иштирок дар ин озмуни байналмилалӣ ва ҷиҳати омодагӣ ба он Меҳрона Ғайбуллоева аз 11 январ инҷониб дар Федератсияи Россия қарор дорад.
«Ба озмуни «Ту беҳтарин!» воқеан ҳам беҳтаринҳо роҳ меёбанд. Боварӣ дорем, ки Меҳрона яке аз ин нафарони арзанда мебошад. Боиси ифтихор аст, ки чунин наврасону ҷавонони соҳибистеъдод бо неруву тавоноии кофии хеш фарҳанги миллии тоҷиконро дар хориҷ аз мамлакатамон муаррифӣ менамоянд»,- илова кард ҳамсуҳбати мо.
Хотиррасон менамоем, ки намоиши мустақим аз ҷараёни ин озмун 10 феврал аз шабакаи телевизионии «НТВ» (инчунин дар сомонаи «НТВ.RU) соати 22.00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.










Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард






