ҲУНАР — БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР. Шахси ҳунарманд ҳаргиз хору муҳтоҷ намегардад

Февраль 1, 2018 11:19

РОШТҚАЛЪА, 01.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Деҳаи  Хидорҷеви  ҷамоати деҳоти  ба номи Қурбоншо Гадоалиеви  ноҳияи Роштқалъа бо ҳунармандони  худ дар  тамоми ҳудуди ноҳия  шӯҳрат дорад. Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ъълон гардидани  соли 2018 барои  эҳё ва рушди минбаъдаи  касбҳои  аҷдодӣ имконоти бештар   фароҳам меоварад. Айни ҳол дар ин деҳа ду оҳангархона ва як корхонаи тавлиди асбобҳои мусиқӣ фаъолият мекунанд. Сардори корхонаи оҳангарӣ Лашкарбек  Шогунбеков гуфт, ки “то солҳои 60-уми асри гузашта  ҳар як деҳаи  кӯҳистони Бадахшон  дорои  оҳангархона буд.  Бо тақозои  замон аксари ин коргоҳҳо аз байн рафтанд. Ман касби падарро омӯхтам ва  оҳангархонаро  ҳифз кардам. Деҳқонон аз гӯшаву канори ноҳия ба наздам меоянд ва ба ман изҳори сипос мекунанд, ки касби падарро хор накардам. Ҳоло мизоҷони зиёд дорам. Чунки бештари киштзорони деҳқонон дар кӯҳдоманҳо ҷойгиранду заминашон пур аз сангу рег аст. Деҳқонон маҷбуранд ҳар сари чанд вақт каланд, юғу испорро таъмир ва ё иваз кунанд”.

Лашкарбек Шогунбеков гуфт, ки барои ҳар мард дар баробари касби асосӣ доштани ягон ҳунари иловагӣ зарур аст. Беҳуда гузаштагони мо нагуфтаанд, ки ба як мард чил ҳунар кам аст. Касе ки ҳунар дорад, ҳаргиз хор намешавад. Барои ҳамин ӯ зарур мешуморад, ки ин касби бобоиро  ба фарзандону бародаронаш ёд диҳад. Дилаш пур аст, ки баъди ба нафақа баромадан дари ин коргоҳи падар баста намемонад. Баръакс мехоҳад баъзе аз дастгоҳҳои муосири барқиро дар коргоҳ васл кунад, то корашон сабуктар шавад.

Дар ин деҳа ҳамчунин ду коргоҳи тавлиди асбоби мусиқӣ фаъолият мекунанд, ки яке аз онҳо ба усто  Асадбек  Элчибеков тааллуқ дорад.  Соли равон  талабот ба маҳсулоти ин коргоҳ бамаротиб бештар шуд ва ӯ дар баробари  фарзандонаш боз  шаш нафар  аз ҳамдеҳагони худро ба кор ҷалб намуд. Ба гуфтаи Усто Асадбек, аз байни  ҷавонони деҳа онҳоеро интихоб кард, ки на танҳо асобоби мусиқӣ сохта метавонанд, балки бо мусиқӣ ҳам шинос ҳастанд.

Усто Асадбеку ҳамкоронаш соли гузашта дар даҳҳо намоишгоҳҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ маҳсули дасти худро ба намоишу фурӯш гузошта, аз ин ҳисоб маблағи кофӣ ба даст оварданд. Ин имконият дод, ки Усто Асадбек барои коргоҳаш баъзе асбоби зуруриро дастрас намояд.

Ҳунармандони коргоҳҳои ҳунарии деҳаи мазкур ҳоло ба истиқболи ҷашни Наврӯз омодагӣ мебинанд. Онҳо ният доранд, ки дар ин ҷашн асбоби нави мусиқӣ ва ҳам оҳангариро ба намоиш гузоранд.

Февраль 1, 2018 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд