Навид аз Парлумон: Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон тасдиқ гардид

Март 19, 2018 13:24

ДУШАНБЕ, 19.03.2018/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси намояндагон  Созишномаи  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро тасдиқ намуд. Тибқи санади мазкур  минбаъд шаҳрвандони ду давлати ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  ҳуқуқ доранд, ки  ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид  ба  кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Тавре аз  палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  зимни баррасии  санади мазкур муовини аввали Вазири корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ  иброз дошт, ки  ин Созишнома  аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур  аз дебоча ва 17 модда иборат буда, бо мақсади густариши минбаъдаи муносибатҳо миёни ду давлати дӯсту ҳамсоя ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин баҳри танзими ҳуқуқии тартиби мусофирати  мутақобилаи бераводиди шаҳрвандони ин кишварҳо ба имзо расидааст.

Мавриди зикр аст, ки  моддаҳои 5-9-и  Созишномаи мазкур  тартиби додани раводидҳои бисёркаратаро ба муҳлати то 12 моҳ барои ронандагони воситаҳои нақлиётие, ки боркашонии автомобилии байналмилалиро анҷом медиҳанд, ба танзим медарорад. Имзои Созишномаи мазкур ва дар як муддати кӯтоҳ   мавриди амал қарор додани он боиси рафтуои бемамонияти  шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар гардида, ҳамзамон ба гардиши муомилоти молҳои ниёзи мардум мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки  Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон  дар доираи сафари  давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзоев, ки рӯзҳои 9-10 марти соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд,  ба имзо расид.

 

Март 19, 2018 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид