ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 1 март, панҷшанбе, 60-умин рӯзи соли 2018 аст

Март 1, 2018 08:36

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 1 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии рақами 15-и ҳавзаи интихоботии рақами 2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамудаи худ овоз доданд.

***

2 сол пеш, 1 марти соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Воситаҳои ахбори омма — Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш», Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори умум»-ро ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли гузашта дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ  суханронӣ намуданд.

 1 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии мудофиаи шаҳрвандӣ.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи миннатдорӣ.

***

Рӯзи таҳлилгар-криминалисти Вазорати коҳои дохилии Россия.

РӮЙДОДҲО:

 1 марти соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи «Сеҳазорсолагии Ҳисор» оғоз бахшиданд.

***

1 марти соли 2010 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи дурӯзаи  ХI Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ оғоз гардид.

***

2 сол пеш, 1 марти соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки роҳҳои автомобилгарди Помир ба рӯйхати 10 роҳи зеботарини ҷаҳон ворид гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1943 ИМА барои фурӯши маҳсулоти консервашуда маҳдудият ҷорӣ намуд.

***

1 марти соли 1994 Парлумони Гурҷистон санад оид ба ворид шудани Гурҷистон ба ИДМ-ро ба тасвиб расонид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1920 Агентии давлатии иттилоотии Озарбойҷон «АзерТАдж» таъсис дода шуд.

***

Соли  1947 Фонди байналмилалии асъор ба фаъолият шурӯъ намуд.

 

 

 

Март 1, 2018 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, душанбе, 258-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, якшанбе, 257-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, шанбе, 256-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, ҷумъа, 255-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, панҷшанбе, 254-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, чоршанбе, 253-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, сешанбе, 252-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, душанбе, 251-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, якшанбе, 250-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, шанбе, 249-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, ҷумъа, 248-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2025 аст