ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 12 март, душанбе, 71-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
12 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди як маркази бузурги тиҷоратӣ оғоз бахшида, терминали марказии нақлиётии пойтахтро расман ифтитоҳ намуданд.
***
12 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расониданд.
***
12 марти соли 2010 дар пойтахти Қатар – Доҳа чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар варзишгоҳи пӯшида баргузор гардид, ки дар он давандаи тоҷик Аҷмал Амиров низ иштирок намуд.
12 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии мубориза бо киберсензура.
***
Дар Замбия –Рӯзи ҷавонон.
***
Дар Канада – Рӯзи иттиҳод.
РӮЙДОДҲО:
12 марти соли 2012 дар шаҳри Москваи ФР дар мавзӯи «Диаспорҳои тоҷик дар Россия: афзалиятҳои иқтисодию фарҳангӣ» ҷамъомад баргузор гардид.
***
12 марти соли 2013 дар варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, дастаи «Регар – ТадАЗ» -и шаҳри Турсунзода дар вохӯрии дуюми даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо қаҳрамони даҳкаратаи Баҳрайн «Ал – Риффоъ» сабқат анҷом дод.
***
2 сол пеш, 12 марти соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ботантанаи кушодашавии Фестивали дурӯзаи фарҳанги Япония «Рӯзҳои Япония» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 давраи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Вахш», «Панҷшер» – «Ҳосилот», «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» баргузор гардид.
***
206 сол муқаддам, 12 марти соли 1812 дар натиҷаи заминларза дар Венесуэла зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
12 марти соли 1913 Конберра пойтахти Австралия эълон карда шуд.
***
12 марти соли 1999 Чехия, Венгрия ва Полша ба ҳайати Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) шомил шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1950 дар раъйпурсии Белгия аксарияти аҳолӣ барои барқарорсозии сохти монархия овоз доданд.