ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 14 март, чоршанбе, 73-юмин рӯзи соли 2018 аст

Март 14, 2018 08:30

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

14 марти соли 2011 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар чорчӯбаи Бизнес–форум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Карочии Покистон дар меҳмонхонаи «Шератон» таҳти унвони «Боигарии Тоҷикистон» намоиши аксҳо баргузор гардид.

***

4 сол пеш, 14 марти соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

 

14 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Андорра- Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Эстония – Рӯзи забони модарӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

14 марти соли 2011 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони  доимӣ ва ваколатдори давлатҳои узви иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

5 сол пеш,  14 марти соли 2013 хадамоти сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳифзи қитъаҳои мураккаби сарҳад протоколи муштарак ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва имконоти ҷалби сайёҳон ва сармоягузорони араб брифинг доир намуд.

***

127 сол муқаддам, 14 марти соли 1891 Санад дар бораи ҳуқуқи байналмилалии муаллифӣ тасдиқ гардид.

***

14 марти соли  1933 дар  Германия  Ҳизби коммунистӣ баста шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1839 зимни суханронӣ дар назди ҳамкорон Ҷон Гершел аввалин маротиба истилоҳи «фотография»-ро истифода бурд.

Март 14, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст