Тоҷикистон – дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет»
ДУШАНБЕ, 10.03.2018./АМИТ «Ховар»/. 10 март дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Крокус Экспо»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Интурмаркет-2018» оғоз гардид, ки он то 12 март давом мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Намоишгоҳро муовини Сарвазири Федератсияи Россия Виталий Мутко ва муовини роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии туристии (UNWTO) Созмони Милали муттаҳид Золтан Шомоги ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. З. Шомоги зикр намуд, ки соли гузашта теъдоди чорабиниҳои сайёҳӣ дар дунё аз ҳудуди 1, 2 миллиард убур намуд.
Қобили зикр аст, ки «Интурмаркет» одатан ба сайёҳии дохилӣ бахшида мешавад, вале дар он имсол шарикони доимӣ аз Юнон, Булғория, Туркия, Испания, Чин ва дигар кишварҳо низ даъват шудаанд. Дар байни онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст.
Дар намоишгоҳи имсола гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ зери шиори «Тоҷикистон- Боми ҷаҳон» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.
Намоишгоҳи мазкур дар майдони 2800 метри мураббаъ бо иштироки 1430 ширкатҳои сайёҳӣ, 78500 нафар иштирокчӣ аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.
Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур муаррифии шоистаи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Россия ва дигар мамлакатҳо мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳӣ ҳамчун бахши муҳиму ояндадори иқтисоди миллӣ аҳамияти тоза касб намуда, тавассути иштирок дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ симои Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои имкониятҳои бойи сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ устувор мешавад ва таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Ватани азизамон пайваста зиёд мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки дар чорчӯбаи намоишгоҳҳои «Крокус Экспо» конференсия оид ба масъалаҳои рушди сайёҳии дохилӣ, семинари якҷояи «Ростуризм» ва UNWTO оид ба рушди хатсайрҳои байниминтақавии «Роҳи абрешим», ҷаласаи машваратии гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои тарғиби Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 ва Ҷоми Конфедератсия, инчунин дигар чорабиниҳо доир карда мешаванд.













Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






