«АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРО…». Маъюбону нафақахӯрон ба сайру тамошои пойтахт баромаданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамбастагӣ бо ширкати сайёҳии “Ҷавоҳир сайр”саёҳати маъюбону нафақахӯронро ба ҷойҳои таърихӣ ва мавзеҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ намуд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гурӯҳи маъюбон ва нафақахӯрони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе аз маҳаллаи «8-уми март» сайругашти худро шурӯъ карда, аз майдони «800- солагии Москва», ҳайкали Исмоили Сомонӣ, Боғи “Парчам”, Боғи Устод Рӯдакӣ, Боғи Садриддин Айнӣ ва Кохи Наврӯз дидан намуданд.
Ҳамчунин дар тарабхонаи меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенсӣ” барои онҳо хӯроки нисфирӯзӣ ташкил карда шуд.
Сайру саёҳати пойтахти Тоҷикистон баро маъюбону нафақахӯрон гуворо буд, боғу чаман ва кӯчаю барзан, симои имрӯзаи шаҳри дӯстдоштаашон онҳоро ба ваҷд овард.
Воқеан, шаҳри Душанбе на танҳо бо сокинони кишварамон, балки ба меҳмонони хориҷӣ низ торафт бештар писанд меояд. Ин шаҳр ҳамчун маркази маъмурии кишвар дорои таърихи қадима, захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал буда, ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва техникӣ мубаддал гардидааст ва ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкиму тақвият бахшидани нуфузи кишвар нақши бузург дорад.
Ёдовар мешавем, ки нашрияи “Зе Индепендент” (The Independent) пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амнияти шабона эътироф намуд. Агентии таҳлилии “ТурСтат” бошад, чанд рӯз қабл рейтинги беҳтарин шаҳрҳои ИДМ-ро аз рӯи натиҷаҳои таҳлили саёҳатҳои писандидаи баҳорӣ дар соли 2018 тартиб дод ва шаҳри Душанберо ба феҳрасти 10-гонаи беҳтарин шомил намуд.













Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






