“АЗ ДИДА БАСЕ ФАРҚ БУВАД… “. Сайёҳ баъди бозгашт ба Ватан метавонад бо нақли таассуроти худ чанд нафари дигарро шефтаю шайдои Тоҷикистон гардонад

Апрель 2, 2018 11:33

ДУШАНБЕ, 02.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид.

Муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳал Бег Қурбонзода изҳор намуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори   конфронс муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, мутахассиси пешбари Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Баҳромзода ва кормандони кумита иштирок ва маърӯза намуданд.

«Муҳимтарин роҳи ҷалби сайёҳон ба ин ё он кишвар, пеш аз ҳама, муаррифии таъриху фарҳанги волои ҳамон давлат маҳсуб меёбад. Таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик, бешубҳа, ҳунарҳои мардумӣ, санъату фарҳанги миллат ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии нотакрори он мебошанд, ки диққати сайёҳони зиёдеро ба худ ҷалб намудаанд. Ин сайёҳон, дар навбати худ баъди бозгашт ба Ватан метавонанд бо нақли таассуроти худ чанд нафари дигарро низ шефтаю шайдои Тоҷикистон гардонанд. Аз ин рӯ ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакати кӯҳию зебои мо танҳо бо ба роҳ мондани шароити мувофиқ, хизматрасонии сатҳи баланд ва бо нақлҳои ҷолиб дар хотири онҳо бедор кардани меҳру муҳаббат нисбат ба таъриху тамаддун ва адабиёту санъати тоҷикон сурат мегирад,-иброз дошт Озар Баҳромзода. – Зар тавре яке аз ҷаҳонгардони машҳури миллати тоҷик Камоли Хуҷандӣ навиштааст: «Аз дида басе фарқ бувад то ба шунида…».

Зикр шуд, ки эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи хубе барои рушди ҳунарҳои мардумӣ буда, ба беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолии мамлакат мусоидат мекунад.

Апрель 2, 2018 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид