Дар Маҷлиси намояндагон таҳти унвони «Такмили қонунгузории замин ва андозбандии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ» мизи мудаввар доир гардид

Апрель 24, 2018 11:33

ДУШАНБЕ, 24.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев мизи мудаввар дар мавзӯи «Такмили қонунгузории замин ва андозбандии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ва Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар мавзӯи ҳамоиш маърӯза намуда, иброз доштанд, ки таҷрибаҳо собит месозанд, ки истифодаи оқилонаи замин аз муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ оид ба замин, ки рушди ояндаи соҳа ва баланд бардоштани рақобатпазирии онро ба танзим медарорад, вобастагӣ дорад.

Таъкид гардид, ки масъалаи ташаккули бозори ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин дар кишвар бояд саривақт ҳалли худро ёбад, то имконият барои ба танзим даровардани муносибатҳо дар тақсимот, идоракунӣ ва мувофиқаи хароҷоту даромадҳо аз истифодаи захираҳои замин таъмин карда шавад.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин роҳбари Лоиҳаи «Рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин дар чорчӯбаи Барномаи «Озуқаворӣ ба хотири фардо» дар Тоҷикистон» Чинора Арапова, масъули лоиҳа оид ба мушкилоти мубрами қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Исмоилов ва мушовири байналмилалии лоиҳа оид ба андозбандӣ Андрей Красников оид ба мақсаду вазифаҳои лоиҳа баромад намуданд.

Дар анҷоми мизи мудаввар доир ба мавзӯъҳои маърӯзагардида табодули афкор сурат гирифт.

Апрель 24, 2018 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад