Дастгирии навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ

Апрель 14, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи имтиёзҳои қаблан пешниҳодшуда дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз, аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 тасдиқ гардид.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» итилоъ доданд, тибқи қарори мазкур номгӯи иншооти сайёҳӣ муайян гардида, воридоти техникаву таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти зерин аз андоз, аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд:

— меҳмонхонаҳо, аз ҷумла, меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел);

— осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо;

— марказҳои хизматрасонии маҷмӯии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ);

— нуқтаҳои хизматрасонии маҷмӯии сарироҳӣ (мотел);

— боғҳои фарҳангию фароғатӣ;

— мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ);

— инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ;

— тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ;

— марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ;

— пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкӯҳ барои сайёҳон;

— маҷмааи сайёҳию лижаронӣ;

— марказҳои омӯзишӣ барои кӯҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ.

Иқдоми мазкур ҷиҳати татбиқи босамари имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардида буд, амалӣ карда шуд.

Ҳамзамон имтиёзҳои  зикршуда дастгирии навбатии давлатии соҳаи сайёҳӣ буда, барои ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон, рушди саноати фоидаовари сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҳамкории самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Апрель 14, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ