ДУШАНБЕ БА ҚАТОРИ 10 ШАҲРИ ДАР АЙЁМИ БАҲОР БАРОИ САЙЁҲӢ МУНОСИБИ ИДМ ШОМИЛ ГАРДИД!

Апрель 19, 2018 13:43

ДУШАНБЕ, 19.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Бино ба натиҷаҳои ҳамапурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.  Дар ин бора дар сомонаи агентии мазкур хабар дода шудааст.

Ба гузориши  «ТурСтат», дар охирҳои апрел ва аввалҳои моҳи майи имсол, ки дар Россия чанд рӯз таътил аст, Душанбе яке аз шаҳрҳое аст, ки гардишгарони рус барои сипарӣ кардани рӯзҳои истироҳати  худ ба он ҷо сафар мекунанд.

Қабл аз ин ҳам расонаҳои Россия аз афзоиши тамоюли шаҳрвандони ин кишвар барои сафари туристӣ ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, феълан тамоми муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе – китобхонаву осорхона ва боғҳо ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки соли 2018 дар Тоҷикистон аз  ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда  шуда, сарпарастии соҳаи мазкурро Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бар ӯҳда гирифтааст.

Дар ростои иҷрои барномаҳои ин сол, қарор аст то соли 2020 беш аз як миллион  сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кунанд.

Апрель 19, 2018 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид