«Эҳё» дар Рӯшон ҳунарҳои мардумиро эҳё мекунад
РӮШОН, 02.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси сокини деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон Давлатназар Лайлиев гурӯҳи ташаббускор таҳти унвони «Эҳё» дар ҳайати шаш нафар таъсис дода шуд, ки ба сохтану тарғиби асбобҳои рӯзгор ва созҳои мусиқии қадимии аз чӯб сохташуда машғул мебошанд.
Тавре хабарнигори рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» Мамадалӣ Бахтиёров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, усто Давлатназар чун муҳандиси роҳсози идораи сохтмону таъмири роҳҳои мошингарди ноҳияи Рӯшон кор мекарду дар вақтҳои фориғ аз кор ба касби бобоӣ-чӯбтарошӣ таваҷҷуҳ дошт. Соли гузашта ба нафақа баромад ва тамоми саъю неруяшро ба ривоҷи ин ҳунари мардумӣ бахшид.
Бо маҳсули дасташ дар намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияву вилоят пайваста ширкат меварзад. Соли гузашта дар боғи ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри бостонии Хуҷанд рубоб, сетор, ғижжак, тамбур, дутор, най, қошуқҳои чӯбин, табақ ва армуғонҳои сохтааш ба намоиш гузошта шуда, писанди сокинони ин шаҳри бостонӣ гардиданд. Бисёре аз маҳсулоти тайёркардаашро сокинони вилояти Суғду меҳмонони шаҳр хариданд.
Усто Давлатназар алҳол аз эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ хеле хушҳол буда, дар равнақу ривоҷи ҳунари худ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Ҳамзамон дар тарбияи насли наврас низ саҳми арзанда гузошта, бо ташаббуси Агентии шуғли аҳолии ноҳияи Рӯшон дар курси семоҳаи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба тарбияи ҷавонони ноҳия машғул шуда, ҳунарҳои мардумиро ба насли ҷавон меомӯзад.








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






